ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik.Дар Тошканд номгӯйи китобҳои серталаботи соли гузашта пешниҳод гардид, хабар медиҳад Sputnik Ӯбекистон.
Рейтинги китобҳои серхаридортарин аз якчанд бахш иборат аст, ки дар қисми "Адабиёти ҷамъиятиву сиёсӣ" китоби "Маънавият- қувваи мағлубнашаванда"-и Ислом Каримов ҷойи якумро гирифт.
Ғайр аз ин ба рӯйхати китобҳои серхонанда се китоби дигари президенти марҳум ворид шуд.
Дар байни адабиёти рӯҳониву тарбиявӣ асарҳои "Ҳиссиёти меҳмон", "Дороии инсонпарварӣ"-и Тоҳири Малик ва "Тарбияи рӯҳӣ"-и шайх Муҳаммад Содиқ ворид гардиданд.
Дар байни адабиёти бадеӣ ба хонандагон китобҳои Ӯткир Ҳошимов, Марсел Брионӣ ва Чингиз Айтматов писанд омаданд. Аз китобҳои бачагона бошад, таълифоти Худойбердӣ Тӯхтабоев ва Ғафур Ғулом бо талаботи зиёд ба фурӯш мерафтанд.
Аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябри соли гузашта вафот кард. Ӯ 26 сол дар курсии президентӣ менишаст.
Пас аз марги президент дар Ӯзбакистон интихоботи раисҷумҳур гузаронида шуд, ки дар он собиқ сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев ғолиб омад ва 88,61% овозҳои интихобкунандагонро гирифт.