Грозин: Мирзиёев не, Ислом Каримов ба Тоҷикистон дасти оштӣ дод

© Фото : официальный сайт Института Стран СНГСардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин. Акс аз бойгонӣ
Сардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари ҳайати Узбакистонро дар таърихи ҳар ду кишвар метавон чун ҳодисаи муҳимтарин баҳогузорӣ кард, изҳор дошт сардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварлои ИДМ Андрей Грозин

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Коршинос оид ба кишварҳои ИДМ дар сӯҳбат бо Sputnik қайд кард, ки на Мирзиёев балки Ислом Каримов ба Тоҷикистон дасти оштӣ дароз кард.

Ба қавли ӯ бо сафари ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон умедҳои бузург дар пай аст. Баъди иваз шудани роҳбарият дар Узбакистон имову иҳшораҳои зиёде оиди рушди ҳамкорӣ шуда буд, ки онро метавон чун кӯшиши барқарор намудани муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо баҳо дод.

"Мирзиёев аз Ислом Каримов мероси мушкил гирифт. Вале нодурус мешавад, агар гӯем, ки роҳабрияти нав ба барқароркунии муносибатҳо шурӯъ кард. Ҳанӯз дар даврони президентии Каримов, Узбакистон хостори рушди муносибот бо Тоҷикистон шуда буд",-изҳор дошт Грозин дар мусоҳиба бо Sputnik Узбакистон.

Алексей Бычков. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бичков: Узбакистон ва Тоҷикистон ғайри дӯстӣ дигар роҳ надоранд

Коршинос бовар дорад, ки дар ояндаи наздик ҷонибҳо масъалаҳои об, раводид ва роҳро ҳал хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки  дар Душанбе  вохӯрии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Лентаи хабарҳо
0