ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik.Президнти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев манъи пештарворидкардашудаи содирот ба баъзе маводҳои хоҷагии қишлоқро бекор кард.
Мувофиқи фармони ба имзорасонидаи Мирзиёев акнун метавон аз кишвар ғалла, орд ва маҳсулдоти ғаллаворӣ, гӯшти гов, гӯшти мурғ, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, шакар, равғани растанӣ, пӯст(аз ҷумла қароқул), мебел, металҳои ранга, пилла ва абрешим ва маводи абрешимро содир кард.
Барои содир кардани ин номгӯи маҳсулот бояд ба идораҳои давлатии гумрук шартномаи маҳсулотҳои содиршавандаро пешниҳод намуд.
Маълум аст, ки дар соли 2016 ташкилотҳои Ӯзбакистон 818,5 тонна меваву сабзавот содир намуданд.
Ӯзбакистон ба 43 мамлакати дунё меваву сабзавот содир мекард, имсол ба ин рӯйхат 9 кишвари дигар ворид шуд: Испания, Итолиё, Ливан, Ветнам, Белгия, Шветсария, Ҳолланд, Исроил ва Чехия.
Ӯзбакистон нисбат ба соли 2016 дар соли 2017 содироти меваву сабзавотро 1,55 маротиба зиёдтар мекунад.