ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони агентӣ суханронӣ карда, онҳоро ба муносибати 10-солагии таъсиси оҷонсӣ муқборакбод гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
"Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад",- гуфт президент.
Ба гуфтаи раисҷумҳур ин зуҳурот ба мисли эктримизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.
Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот муваффақ шудааст, меорад аз суханронии президент сомона.
Эмомалӣ Раҳмон баробари ин таъкид дошт, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои давлату ҷамъият иборат аст.
Бинобар ин кормандони коррупися бояд донишу малакаи пухтаи касбӣ дошта бошанд.
"Яъне худи кормандони ин ниҳод бояд шахсони пок бошанд, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло донанд, даст ба қонуншиканӣ назананд ва барои кормандони дигар мақомоти давлатӣ намуна бошанд",- хотиррасон намуд раисҷумҳури кишвар.