Тоҷикистон аз ҳисоби хонандагон олимпиадарав дар ҷаҳон намоён аст

© Фото : из личного архива Бахтовара ХотамоваБахтовар Ҳотамов ва дигар иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ дар Индонезия
Бахтовар Ҳотамов ва дигар иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ дар Индонезия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамагӣ дар як сол хонандагони тоҷик дар озмунҳои 15 давлати дунё иштирок карданд, ки дар натиҷа 133 медал - аз он 22 тилло ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Хонадагони тоҷик аз ҳисоби ҷойҳои намоёни ишғолкардаи худ дар олимпиадаҳои байналмллалӣ дар ҷаҳон дар яке азҷойҳои  аввалин қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Омӯзиши фанни нав дар мактабҳои Тоҷикистон: Сарқонун

Ба гуфтаи вазири маориф Нуриддини Саид ҳамагӣ дар соли гузашта хонандагони мактабҳо дар озмунҳои 15 давлати дунё иштирок карданд, ки дар натиҷа 133 медал аз он 22 медали тилло ба даст оварданд.

Яке аз намунаҳои дастоварди хонандагон ғолибияти хонандаи синфи 11 Мактаби байналмиллалии президентии шаҳри Душанбе Комила Шаҳидова мебошад. Вай дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони русӣ дар Маскав ҷойи якумро ба даст овард.

Пештар хонандаи синфи 9 гимназияи "Ҳотам ПВ" Бахтовар Ҳотамӣ низ дар олимпиадаи байналмиллалӣ, дар Индонезия шуда мегузашт, аз фанни математика ҷойи якумро гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0