ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Оҷонсии Anadolu акси террористеро, ки дар ташкили ҳамлаи террористӣ гумонбар мешавад, нашр кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Опубликовано фото исполнителя теракта в Стамбуле https://t.co/0bc2ANkoTW #Турция #Стамбул pic.twitter.com/1CDT2syXfT
— ANADOLU AGENCY (RU) (@aa_russian) 2 января 2017 г.
Шаби Соли нав дар клуби Reina, ки дар маркази шаҳри Истамбул воқеъ аст, ҳамлаи террорстӣ анҷом дода шуд. Шахси номаълум аввал пулиси назди клубро кушта, баъд ба дохили бино, ки он ҷо зиёда аз 700 нафар Соли навро ҷашн мегирифтанд, дохил шуд. Террорист ба сӯи мардум оташ кушод.
Мувофиқи маълумоти ВКД-и Туркия дар пайи ҳамлаи террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида,69 каси дигар ҷароҳатои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Гуфта мешавад, ки ҷавобгарии қазияро гурӯҳи ҷиноии "Давлати Исломӣ" бар ӯҳда гирифт. Дар ҳоли ҳозир мақомоти пулис ба маълум кардани шахсияти террорист, ки мувофиқи маълумоти ВАО шаҳрванди Узбакистон ё Қирғизистон мебошад, машғул аст.
То ҳол мақомоти пулиси Туркия террористро дастгир накардааст, тафтишот дар ин самт идома дорад.