Фурудгоҳи “Айни”-ро Русия ва Тоҷикистон якҷоя истифода мебаранд

© Предоставлено пресс-атташе посольства РФ в РТ Алексеем РыковымИгор Лякин-Фролов дар вохӯрӣ бо намояндагони ВАО
Игор Лякин-Фролов дар вохӯрӣ бо намояндагони ВАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фурудгоҳи “Айнӣ” дар қисмии ғардбии Душанбе 15 км дуртар аз шаҳр ҷойгир шудааст. Фурудгоҳ имконият дорад, ки тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои низомиро қабул кунад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Русия мехоҳад аз  фурудгоҳи ҳарбии "Айнӣ", ки дар 15 км ғарбтар аз Душанбе ҷойгир шудааст, истифода барад.

Русия ва Тоҷикистон созишномаи истифодаи якҷояи фурудгоҳи ҳарбии "Айни"-ро омода намуда истодаанд, ҷониби Русия мехоҳад ин ҳуҷҷат ба имзо расад, хабар дод сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

"Русия манфиатдори ба имзо расидани созишномаи истифодаи муштараки фуругоҳи "Айнӣ" мебошад, ҳоло ин масъаларо ҷонибҳо дида мебароянд",- гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.

Сарбозон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Қурғонтеппа пойгоҳи нави Русия сохта мешавад

Ба гуфтаи вай фурудгоҳи мазкур ҷазъи муҳими гурӯҳи авиатсионии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

"Ҳоло дар фурудгоҳ чор чархболи Ми-24 мустақар шудаанд ва ин объекти ҳарбӣ барои тақвият бахшидани қувваҳои ҳавоии пойгоҳи низомии 201-уми Русия муҳим мебошад",- гуфт сафир.

Фурудгоҳи "Айнӣ" соли 2007 аз ҷониби мутахассисони ҳиндӣ барқарор карда шуда буд. Ҳиндустон барои азнавсозии фурудгоҳ Делӣ 70 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Имрӯз фурудгоҳ имконият дорад, ки тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои ҳарбиро қабул кунад.

То имрӯз пилотони ҳарбии Русия аз ин фурудгоҳ мувофиқи созишномаи дуҷониба истифода мебурданд.

Лентаи хабарҳо
0