ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Афзоиши шумораи муҳоҷирон дар Русия тибқи хулосаҳои соли 2016 ба сатҳи солҳои пешин баргашт. Хулосаҳои зерин аз гузориш оиди мониторинги вазъияти иқтисодии Русия бармеояд.
Гузориш аз ҷониби коршиносони Донишкадаи сиёсати иқтисодии ба номи Е.Т Гайдар, РанХиГС, Академияи умумирусиягии тиҷорати хориҷӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи инноватсионии минтақаҳои Русия омода шудааст.
"Муҳоҷирати байналмиллалӣ дар Русия дар соли 2016 дар сатҳи солҳои пешин қарор дошт. Шумораи шаҳрвандони ба кишвар дохилшуда, дар давоми сол аз 600 ҳазор нафар зиёд нашуд. Теъдоди хориҷшудагон бошад, афзоиш ёфта, 300 ҳазор нафарроо ташкил дод. Дар натиҷа афзоиши шумораи муҳоҷирон ба нишондодҳои солҳои пешин баробар шуда, наздики 280 ҳазор нафарро такшил медиҳад",-омадааст дар гузориш.
Шаҳрҳои Маскав, вилоятҳои назди Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Ленинград ва Краснодарский край ҳамоно мавриди таваҷҷӯҳи муҳоҷирон мебошад.
Аксраи муҳоҷиронро ҳамоно шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ-85-86% ташкил медиҳанд.
Дар қиёс бо соли гузашта афзоиши муҳоҷирон дар Русия мушоҳида мешавад, вале ин тамоюл бо сабаби пастшавии назарраси соли гузашта дар муқоиса бо солҳои 2013 ва 2014 ба амал омад.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шаҳрвандони Русия аз ҳисоби муҳоҷирон то 196,5 ҳазор нафар зиёд шуданд. Дар соли 2015 ин нишондод ба 169,1 ҳазор расида буд. Соли 2014-185,1 ҳазор ва соли 2013-214 ҳазор нафарро ташкил дода буд.
Чунин афзоиши шумораи муҳоҷирон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба миён омад.
Ҳамин тавр соли 2012 шумораи муҳоҷирон аз Узбакистон ба 41,7 ҳазор нафар баробар буда, соли 2015 аз ин нишондод 17,2 ҳазор нафар кам шуд. Соли 2016 бошад он ба 14,2 ҳазор нафар баробар шуд.
Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон низ нисбат ба солҳои қаблӣ кам шуда, соли 2012 шумораи муҳоҷирон-22,9 ҳазор нафарро такшил дод. Ин нишондод дар соли 2015 панҷ маротиба кам шуда, соли 2016 то шумораи қаблӣ баргашта ба 19,4 ҳазор баробар шуд.
Теъдоди муҳоҷирон аз Қирғизистон дар давоми солҳои қаблӣ кам шуда ва то ҳол барқарор нагардидааст. Ҳамин тавр шумораи муҳоҷирони қирғиз соли 2012-19,2 ҳазор нафарро ташкил дода, соли 2016 он ба 9,3 ҳазор нафар баробар шуд.
Шумораи муҳоҷирон аз Қазоқистон бошад, дар давоми солҳои охир дар сатҳи қаблӣ бетағйир боқӣ монда, наздики 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин масъалаи муҳоҷиртаи қонунӣ ҳамоно дар кишвар актуалӣ боқӣ мемонад: шумораи муҳоҷирон бо ҳуҷҷатҳои лозима ба теъдоди дохилшудагон баробар нест, мегӯянд коршиносон.
Мувофиқи ҳисоботи коршиносон то моҳи сентябри соли равон аз 4 миллион муҳоҷирони дохилшуда, 1,3 миллиони онҳо дар ҳудуди кишвар ғайриқонунӣ кор ва фаъолият мекунанд.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки қонунан дар Русия буду бош доранд, дар ҳолати ғайрирасмӣ бо корфармоён 55%-ро ташкил дода, чунин ҳолат дар байни шаҳрвандони кишварҳои ИИАО низ ҷой дошта 60%-ро ташкил медиҳад.
Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Русия оиди ташкили маркази адаптатсионӣ баром муҳоҷирон фармон баровардааст. Ташкили марказҳои вижа, ҷиҳати ёрӣ додан ба муҳоҷирон барои аз худ кардани забони русӣ ва таъриху асосҳои қонунгузории Русия ба роҳ монда мешаванд.
Баъди омӯзиш муҳоҷирон имкон доранд бо ҷои кор таъмин шаванд. Барои ба чунин марказҳои дохил шудан, муҳоҷирон бояд бо ҳукуматҳои маҳаллӣ шартнома баста, бо пардохти маблағи рамзӣ дар давоми омӯзиш дар марказ зиндагӣ кунанд.
Дар баробари ин ҳукумати Русия масъалаи кам кардани маблағи пардохти патентро баррасӣ хоҳад кард.