ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон муваққатан ба ширкати "Уральские авиалинии" иҷозати парвоз медиҳад.
Қатъи парвози ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии"- барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор ва фаъолият мекунанд, мушкил эҷод хоҳад кард, изҳор дошт вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода.
"Барои он ки дар арафаи Соли нав ҳазорон муҳоҷирон ба ватан бармегарданд, вазорати нақлиёт қарор дод, ки аз амали ҷавобӣ баъди манъи парвози ширкати "Сомон Эйр"оид ба қатъи парвозҳо худдорӣ намояд",-менависад РИА Новости аз суханони вазири нақлиёт.
Ганҷалзода ҳамчунин қайд кард, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳама маврид метавонад парвози ширкати русиро ба Душанбе ва Хуҷанд қатъ намояд, вале "ҳалли дигари ин мушкилот беҳтар хоҳад буд".