Маслиҳати Тоҷикистону Русия напухт: “Сомон Эйр” дигар парвоз намекунад

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirҲавопаймои ширктаи Сомон- Эйр. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширктаи Сомон-  Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистону Русия дар масъалаи иҷозати парвози ширкати “Ямал” ба мувофиқа нарасиданд. Ҷавобан Русия парвози ширкати “Сомон Эйр”-ро аз соати 00.00. рӯзи 23-юми декабр манъ кард

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Маслиҳати намояндагони нақлиёти Тоҷикистону Русия дар Маскав напухт.

Ширкати ҳавоии "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон парвоз намекунад, ба қавли ҷониби Тоҷикистон амали Русия созишномаи баимзорасидаро вайрон мекунад.

Ҷавобан ба ин ҷониби Русия парвози ширкати "Сомон Эйр"-ро ба шаҳрҳои Русия манъ кард. Манъи парвоз ба шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург дахл надорад.

Бинои вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳдиди Русия ба Тоҷикистон: аз 22 декабр парвози ширкатҳои Тоҷикистонро манъ мекунем

Парвозҳои ҷуғрофии ширкати "Сомон Эйр" фарох буда, масалан аз Душанбе ин ширкат дар баробари Маскав ва Санкт-Петербург ҳамчунин ба Сочи, Иркутск, Новосибирск ва дигар шаҳрҳо парвоз мекард.

Аз шаҳри Хуҷанд хатсайрҳо то Оренбург, Краснодар, Красноярск ва дигар шаҳрҳо фаъол буд.

Аллакай шоми рӯзи 22 декабр бояд  алоқаи ҳавоӣ баста мешуд, вале ҳукумати Тоҷикистон ба хотири мусофирон, ки аллакай чипта харида буданд ба "Ямал" иҷозаи парвоз дод.

Маҳз фурӯши чиптаҳо аз ҷониби ширкати "Ямал"  қабл аз ба даст овардани иҷозат боиси норозигии ҳукумати Тоҷикистон гардид.

Акнун ба Русия танҳо як ширкати Тоҷикистон-"Тоҷик эйр" парвоз мекунад.

Лентаи хабарҳо
0