ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмонро шахсони расмии кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Қоҳир Русулзода, Озода Эмомалӣ ва дигарон гусел намуданд, омадааст дар хабар.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.