Нақлиёт ва савдо: Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе чиро муҳокима мекунанд

© Sputnik / Wong Maye-EСалом. Акс аз бойгонӣ
Салом. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои интиқоли маҳсулот, ҳамкориҳои соҳаи нақлиёту алоқа ва ҳамкории хадамоти гумрукро муҳокима хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Узбакистон ба кори худ шурӯъ мекунад. Дар рафти вохӯрӣ ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи кишварҳои ҳамсоя баррасӣ мешаванд.

Ҳайати Узбакистонро муовини сарвазир Рустам Азимов роҳбарӣ менамояд. Интизор меравад, ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ҳайти Узбакистон вохӯрад.

Рустам Азимов, Ӯзбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Кушодани роҳ, бекор кардани раводид: барои чӣ намояндаи Ӯзбакистон ба Душанбе меояд

"Ба ҳайати Узбакистон муовини вазири вазорати корҳои хориҷӣ, намояндаи соҳаи иқтисодӣ, савдо ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, муовини раиси хадамоти гумрук ва дигар шахсони воломақом дохил шуданд. Раисони комиссияи ду кишвар муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  мебошанд",-маълум кард РИА Новости.

Дар рафти кори ҷаласа баррасии  масъалаҳои рушди интиқоли маҳсулот, ҳамкориҳои соҳаи нақлиёту алоқа муносибатҳои хадамоти гумруки ду кишвар дар назар аст.

Ҳамчунин интизор меравад, ки ҷонибҳо масъалаи содда гардонидани низоми раводидро, ки ҳанӯз соли 2000 ҷорӣ карда шуд, муҳокима намоянд.

Қаблан хабар дода шуд, ки сафари муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов аз 26-уми декабр ба имрӯз гузаронида шуд. Вале ба қавли коршинос ба таъхир гузоштани сафар ягон ҳодисаи ғайриоддӣ нест.

"Аввалаш ин, ки президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Санкт-Петербург барои иштирок дар ҷаласаи СПАД қарор дорад ва бидуни ӯ гуфтушунидҳо намегузаранд. Дар баробари ин эҳтимолан барои ҳар ду ҷониб ҷиҳати аниқ кардани ҷузъиёти созишнома як рӯзи дигар лозим шавад",-изҳор дошт сиёсатшинос.

Лентаи хабарҳо
0