https://sputnik.tj/20161220/1021344658.html
Кушодани роҳ, бекор кардани раводид: барои чӣ намояндаи Ӯзбакистон ба Душанбе меояд
Кушодани роҳ, бекор кардани раводид: барои чӣ намояндаи Ӯзбакистон ба Душанбе меояд
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадорони ду кишвар масъалаи алоқаи нақлиётии Тоҷикистону Ӯзбакистон, бекор кардани низоми раводид, мубодилаи таълимӣ байни ду ҷумҳурӣ ва дигар мавзӯъҳои... 20.12.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-12-20T13:53+0500
2016-12-20T13:53+0500
2016-12-20T17:17+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102134/25/1021342513_0:0:956:540_1920x0_80_0_0_60db7cf9dd5c8618d0c486cce70a17cc.jpg
тоҷикистон-ӯзбакистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102134/25/1021342513_0:0:860:540_1920x0_80_0_0_7710d1bdd8f731267ccf61372927d202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, сиёсат , ҳамаи хабарҳо, тоҷикистон-ӯзбакистон, рустам азимов, давлаталӣ саид, ташрифи муовини сарвазир
дар тоҷикистон, осиёи марказӣ, сиёсат , ҳамаи хабарҳо, тоҷикистон-ӯзбакистон, рустам азимов, давлаталӣ саид, ташрифи муовини сарвазир
Кушодани роҳ, бекор кардани раводид: барои чӣ намояндаи Ӯзбакистон ба Душанбе меояд
13:53 20.12.2016 (Навсозишуда: 17:17 20.12.2016) Сиёсатмадорони ду кишвар масъалаи алоқаи нақлиётии Тоҷикистону Ӯзбакистон, бекор кардани низоми раводид, мубодилаи таълимӣ байни ду ҷумҳурӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзро дар Душанбе баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.Муовин сарвазири Ӯзбакистон Рустам Азимов санаи 26-уми декабр барои баррасии масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон ба Душанбе меояд.
Имкониятҳои тиҷориву иқтисодии ду кишвар мавзӯи асосии вохӯрӣ хоҳад шуд. Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ муовини сарвазир Давлаталӣ Саид намояндагӣ мекунад.
Чуноне ки ба Sputnik Тоҷикистон манбаъ аз дастгоҳи Девони Вазирони ҶТ хабар дод мавзӯъҳои баррасишаванда хело зиёданд
"Аз ҷумла метавонад созишномаи ифтитоҳи роҳи оҳан ва автобус баста шавад, ки гумрукчиён аллакай барои амалисозии он пардохт намудаанд. Низоми раводид байни ҷумҳуриҳо низ баррасӣ хоҳад шуд",- гуфт намояндаи ҳукумат.
Бояд ёдовар шуд, ки низоми раводид байни Тоҷикистону Ӯзбакситон соли 2010 ҷорӣ карда шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки намоишгоҳҳои маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбакистонро ташкил кунад. Ғайр аз ин бизнес — форум баргузор мешавад, ки дар ин сатҳ бори аввал ташкил карда мешавад.
Ҷонибҳои масъалаи таҳсили донишҷӯёни ду давлатро дар муассисаҳои олии Тоҷикистону Ӯзбакистон дида мебароянд. Шояд ҳунармандони Тоҷикистону Ӯзбакистон баъд аз ин вохӯрӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин ду кишвар гостролҳо тартиб диҳанд.
Ба ақидаи коршиноси минтақаҳои Осиёи Миёна Александр Шустов дар беҳбуд гардидани муносибати Тоҷикистону Ӯзбакистон хизхматҳои Мирзиёев ба назар мерасад.
"Осиёи Миёна минтақаи ноором ба ҳисоб меравад, аз ҳамин лиҳоз ҳалли масъалаҳои байнисарҳадӣ барои таҳкими субот мусоидат хоҳад кард, ки ҳамаи кишварҳои минтақа аз он манфиат мебардоранд" — гуфт Шустов.