ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.Парвози ширкати ҳавоии "Ямал", ки тибқи нақша бояд рӯзи душанбе суръат мегирифт, то рӯзи чоршанбе ба таъхир гузошта шудааст.
Мувофиқи онлайн маълумоти фурудгоҳи "Жуковский" парвози "Ямал" ба Хуҷанд бояд рӯзи душанбе соати 11.30 суръат мегирифт.
"Павроз то рӯзи чоршанбе ба таъхир гузошта шудааст",- хабар дод ба РИА Новости муовини директори фурудгоҳ Евгений Солодилин.
Ба гуфтаи вай мусофирон ба меҳмонхона ҷойгир карда шудаанд.
" Мо то ҳол дар бораи манъи парвози "Ямал" ба Тоҷикистон тасдиқи расмӣ нагирифтаем",- мегӯяд Солодилин.
Ба гуфтаи вай фурудгоҳ натиҷаи гуфтушуниди ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русияро интизор аст.