Камила Шаҳидова: имсол ман ба мақсадам расидам

© Фото : Государственный институт русского языка им. А.С. Пушкина / Гузариш ба медиабонкМаросими ҷоизасупории ғолибони олимпиадаи байналмиллилӣ аз фанни забони русӣ. Акс аз бойгонӣ
Маросими ҷоизасупории ғолибони олимпиадаи байналмиллилӣ аз фанни забони русӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Камила Шаҳидова хонандаи синфи 11-уми мактаби байналмиллалии президентӣ мебошад. Ӯ дар XIV-умин олимпиадаи байналмиллалии фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин соҳиби шоҳҷоиза гардид. Ин муваффақияти худро Камила маҳсули меҳнати устодони мактаб ва кӯшиши беандозаи худ медонад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Камила қайд кард, ки имсол ӯ ба ҳадафи гузоштаи худ ноил гашт.

Олимпиада байни хонандагони синфҳои болоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида шуд. Тоҷикистонро дар ин озмуни бонуфуз шаш хонанда муаррифӣ карданд.

"Ман бовар надоштам, ки имсол соҳиби ҷои аввал мегардам, вале тамоми кӯшишу ғайратамро барои ба мақсад расидан харҷ кардам",-гуфт Камила.

Фестивали китоб дар майдони сурх. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳҷоизаи ба номи А.С.Пушкин насиби Комила Шаҳидова шуд

Дар озмун 159 нафар намояндагони 31 кишвари дунё байни ҳам рақобат карданд. Камила бо гирифтани мақоми аввал номи миллати тоҷикро баланд бардошт.

"Мо фахр мекунем, ки Камила номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт",-мегӯяд муовини директори мактаб оид ба корҳои таълимӣ ва роҳбари синфи Камила, Умарова Бибиҷон.

Ба қавли роҳбари синф Камила худ хеле сахткӯш аст. Ӯ соли гузашта низ дар ин озмун ширкат намудааст, вале барои гирифтани ҷои аввал холҳои гирифтааш камӣ кардаанд. Мағлубият ӯро рӯҳафтода накарда, Камила боз имсол бо тайёрии пухта барои фатҳи қуллаҳои балантар камар бастааст.

"Аз як даст садо намебарояд, албатта ин заҳмати ҳам Камила ва ҳам муаллими забони русии ӯ Баҳриддин Ҳасанович мебошад",-мегӯяд роҳбари синф.

"Дар баробари устодон ҳамсинфонам низ маро аз аввал то охири  озмун дастгирӣ карданд, ва ҳамгоми бо ҷоиза баргаштан, маро бо гулдаста пешвоз гирифтанд",-мегӯяд Камила.

© Фото : из личного архива Камилы ШахидовойКамила Шаҳидова дар Маскав
В Москве наградили победителей Международной олимпиады по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон
Камила Шаҳидова дар Маскав

Озмун дар шакли дистансионӣ гузаронида шуда, ишитрокчиёни даври финалии олимпиада ба Маскав даъват шуданд. Дар давоми ду рӯз аз 22 то 24-уми ноябр иштирокчиён бояд се шарти дигари озмунро иҷро мекарданд: навиштани эссе, имтиҳони даҳонӣ аз фанни русӣ ва кишваршиносӣ.

Камила мегӯяд, ки шартҳои олимпиада онқадар душвор набуданд ва ӯ аз ӯҳдаи онҳо ба хӯбӣ баромад.

"Аҷибаш ин буд, ки мо натанҳо дар озмун иштирок кардем, балки бо шаҳри Маскав ва фарҳанги халқи рус аз наздик шинос шудем. Шаҳри Маскав ба ман хеле писанд омад. Шаҳри зебо бо маконҳои фарҳангӣ ва биноҳои аҷиб".

Амин Абдураҳимов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯи беҳтарини Русия: ифтихор дорам, ки аз Тоҷикистон ҳастам

Дар баробари ин ман дар озмун дӯстони зиёд пайдо кардам. Бо хонандагони олмонӣ, амрикоӣ, австриягӣ ва ғайраҳо дӯст шудам.

Ғолибони олимпиадаи забони русӣ соҳиби квотаи таҳсил дар макотиби олии Русия шуданд. Камила Шаҳидова низ барои идомаи омӯзиш дар Русия роҳхат гирифт.

"Ман аз гирифтани квота бисёр шодам. Мехоҳам дар оянда, табиб шавам. Мақсад дорам ин касбро дар кишварҳои Аврупо аз худ кунам, вале роҳхат ба Русия бароям чун имконяити иловагӣ боқӣ мемонад",-илова кард Камила.

Бар хилофи баъзе боварҳо, ки озмунҳои байналмиллаӣ бо маблағгузории шахсии хонандагон сурат мегирад, Камила мегӯяд, ки чиптаи парвоз ба Маскавро ҷониби Тоҷикистон ва буду бош дар пойтахти Русия аз ҷониби ташкилкунандагони озмун пардохт шуд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илм шурӯъ аз моҳи январи соли 2016 донишомӯзони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Ҳонконг, Амрико, Русия, Ветнам, Шветсария, Эрон ва Индонезия баргузор шуд, иштирок намуда, 127 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 21 тило, 33 нуқра ва 73 биринҷӣ мебошад.

© Фото : Государственный институт русского языка им. А.С. Пушкина / Гузариш ба медиабонкИштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ
В Москве наградили победителей Международной олимпиады по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон
Иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ
Лентаи хабарҳо
0