ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Дар пайи фаромадани тарма дар назоратгоҳи "Сосновка"-и шоҳроҳи Бишкек-Ош роҳи мошингард барои ҳама гуна воситаи нақлиёт баста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Дар ҳоли ҳозир кормандони коммуналӣ шоҳроҳро аз барф тоза мекунанд.
Тарма дар масофаи 224-километрии шоҳроҳ фаромадааст. Дар пайи тарма мошини боркаши Mercedes ба садама дучор шуд. Мусофирон зарар надидаанд.
Чанде қабл дар бораи баста шудани роҳ аз соати 10.00 қарор қабул гардида, то 5-6 соат идома хоҳад кард. Минтақаи хатарнок барои ҳама гуна воситаи нақлиёт баста шуд.
Қаблан ин минтақаи шоҳроҳ то соати 5-и саҳар барои ҳама гуна воситаи нақлиёт баста шуда буд.