Сарфармондеҳи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон кушта шуд

© AP / Rahmat GulҚувваҳои амнияти Афғонистон, акс аз бойгонӣ
Қувваҳои амнияти Афғонистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қувваҳои амнияти Афғонистон дар рафти амалиёти ҳарбӣ дар қисми шимолу шарқии кишвар яке аз сарфармондеҳони асоссии “Толибон” Мулло Сибғатуллоро дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik.Дар музофоти Бағлон — қисми шимулу шарқии Афғонистон яке аз сармарфондеҳони асосии ҳаракати радикалии "Толибон"дар рафти амалиёти ҳарбӣ безарар гардонида шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Санхуа.

"Қувваҳои амният мувфиқи  маълумотҳои  иктишоф амал намуда, пагоҳии ҷумъа дар музофоти Бағлон дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ яке аз  сарфармондеҳи ҳаракати Толибон Мулло Сибғатуллоро безарар гардониданд. Боқимонда ҳаммаслакони Сибғатулло паноҳ ёфтанд ",- хабар дод ба оҷонсӣ корманди амнияти Афғонистон.

Андрей Захватов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳалли мушкилии толибон, Афғонистон метавонад Русияро "киро кунад"

Мувофиқи ахбори оҷонсӣ, Сибғатулло дар давоми якчанд сол дар ташкилоти террористӣ дар музофоти Бағлон иштирок мекард.

Пештар хабар дода шуд, ки дар музофоти Ғазнӣ дар шарқи Афғонистон  яке аз сарфармондеҳони ҳаракати радикалии "Толибон" Мулло Райҳон безарар гардонгида шуда буд.

Вазъият дар Афғонистон моҳҳои охир бадтар мешавад. Ҳаракати радикалии Толибон, ки пештар қисми хурди кишварро идора мекард, акнун ба шаҳрҳои калонтари кишвар  ҳуҷум меоварад. Ҳамчунин дар ҳудуди кишвар рӯз то рӯз нуфузи  гурӯҳи "Давлати исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) бештар мешавад.

Лентаи хабарҳо
0