Худи Темур Зулфиқоров мегӯяд, ки шоми эҷодии вай бештар намоиши филми мустанади вайро мемонд, ки дар он фикру ақидаҳои хешро дар бораи шеър, хирад, ва башарият иброз намудааст.
Филм хело шавқовар аст, қайд мекунад вай.
Ба гуфтаи шоири русзабон ба намоиши филм меҳмонони зиёд ташриф оварданд. Аз ҷумла намояндагони зиёии тоҷик низ ҳузур доштанд.
"Ман филмро ба якчанд нафар мутассадиёни фарҳанги Русия равон намудам ва умед дорам, ки дар телевизиони "Культура" намоиш дода мешавад",- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Темур Зулфиқоров худи вай муаллифи филм аст.
Мақсади таҳияи филм баён намудани хотираҳои хеш аз шахсиятҳои нотакрор, чун Анна Ахматова, Пастернак, Параджонов, Тарковский, Висотский мебошад, мегӯяд шоир.
"Ман дар филм дар бораи шеър ҳарф мезанам, филмро сурудҳои сароидаи худи ман ҷаззобтар намудаанд",- илова намуд Темур Зулфиқоров.
Шоири тоҷик ва рус мегӯяд, ки дар бораи аз ҷониби тоҷикон чӣ гуна қабул гаштани филм чизе гуфта наметавонад.
"Бигзор ба он худи бинандагони тоҷик баҳо диҳанд",- иброз дошт шоир.
Тибқи иттилои барахе аз расонаҳо Зулфиқоров ҳатто ба ҷоизаи Нобелӣ сазовор гаштааст.
Аммо ин маълумотро худи шоир дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон инкор намуд.
Ӯ қайд кард, ки дар филми мустанад дар бораи Ҷоизаи Нобел ҳам фикру ақидаҳои худро баён намудааст.
Ба гуфтаи шоир аз сабаби махфӣ будани тарзи додани ин ҷоиза якчанд шахсони носазовор ҷоиза Нобелро ба даст овардаанд.
"Ба назари ман раванди додани ҷоизаи Нобел филми детективиеро мемонад, зеро мо танҳо баъди 50 сол хабардор мешавем, ки киро пешниҳод кардаанд ва дар натиҷаи ҳамин пинҳонкориҳо якчанд одамони ба ин ҷоиза ноарзанда, ба он соҳиб мешаванд",- қайд кард вай.
Шоир ҳамчунин илова намуд, ки аз Русия Бродский, Светлана Аликсеевна ва аз Амрико овозхон- Боб Дилон ба ҷоизаи Нобелӣ сазовор нестанд.
"Махсусан ҷоизагирии овозхони амрикоӣ хандаи маро меорад",- қайд кард Зулфиқоров.
Ба фикри ман, мегӯяд шоир, — ҷоиза Нобелиро касе сазовор аст, ки тавонистааст ҷаҳонеро бунёд кунад ва ё адабиёти бузургеро таҳия кунад.
"Аз ҷумла ман фикр мекунам, ки адабиёти офаридаи ман, ки фазои бузургеро ва тамоми ҷаҳонро фаро мегирад — дар бораи баччагии Исо, шахсияти Муҳаммад(с), метавонад ба Нобел пешниҳод шавад",- мегӯяд вай.
Ман гуфта наметавонам, ки эҷодиёти ман бояд ин ҷоизаро ба даст орад, аммо вақте, ки шахсони ноарзанда Нобел гирифтанд, ман дарк намудам, ки ҳама умеди ман оиди ин ҷоиза беҳуда ва бемантиқ аст, илова намуд вай.
Аммо фикри ман оиди ҷоизаи Нобел он аст, ки бояд раванди гирифтани ҷоиза аз доираи махфӣ бароварда шавад.
Зулфиқоров мегӯяд, ки вай пеш аз ҳама шоири адабиёти рус ба ҳисоб меравад ва аз ҳамин сабаб танҳо метавонад адабиёти русро таҳлил кунад. Аммо аз намояндагони адабиёти муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Фарзонаро мепазирад.
"Ман мутаассифона забони тоҷикиро ба хубӣ намедонам ва барои ҳамин наметавонам ин адабиёти бузургро нақд кунам",- илова намуд вай.
Темур Зулфиқоров қайд мекунад, ки ҳаёт дар Тоҷикистон ба эҷодиёти вай хело хуб таъсир расонидааст.
"Президенти Тоҷикистон ба ман хона дод ва фармон дод, ки бароям дар дараи дӯстдоштаи ман хона бунёд кунанд",- иброз дошт вай.
Ман тобистонро дар қишлоқ мегузаронам ва ба монанди як сокини қишлоқ, гаштаам. Хело кӯдаконро ва пиронсолонро дӯст медорам, гуфт шоир.
Зулфиқоров мегӯяд, ки солҳои охир эҷодиёти вай бо Тоҷикистон вобаста гаштааст. "Ман 60 сол дар Русия зиндагӣ кардам, хуни модарии ман русӣ аст ва бори дигар баён мекунам, ки эҷодиёти ман пеш аз ҳама ба забони русӣ иртибот дорад. Албатта, Тоҷикистон ҳам ҳамеша ба воситаи падарам дар хуни ман ҷорӣ буд".
"Ман ба Тоҷикистон омада якчанд китоби дигар навиштам, ки яке аз онҳо "Золотая пиала любви " мебошад. Ғайр аз ин вақтҳои охир ман ба яке аз жанрҳои мушкилтарин пардохтам, ки он афсона аст. Ҳоло 10 афсонаи ман нашр шудааст, ки қаҳрамони он хоркаш —Бобоҷони афсунгар ё ҷодугар аст. Ман дар он ҷо тамоми муҳаббатамро нисбати Тоҷикистон ва миллатти тоҷик иброз намудаам. Мехоҳам қайд кунам, ки ин гуна муҳаббатро пештар дар ҷойе во нахӯрда будам",- гуфт Темур Зулфиқоров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар бораи шоир
Темур Зулфиқоров шоир ва романнависи русзабони тоҷик аст.
Ӯ 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки соли 1937 ҳадафи тири "тройка" қарор мегирад. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Владимировна Успенская, аз муҳаққиқони муваффақи шевашиносӣ дар Тоҷикистон буд, ки гӯишҳои ҳисориро мавриди пажуҳиш қарор дода, ҳамзамон яке аз муаллифони "Луғати тоҷикӣ-русӣ" ба шумор меравад.
Темур Зулфиқоров аввал дар Донишгоҳи адабии Ленинград, вале баъдан таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкии шаҳри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард.
Аввалин асаре, ки худи Зулфиқоров аз он зиёд ёд мекунад "Достони марги Амир Темур" мебошад, ки соли 1971 интишор ёфт. Баъди он тадриҷан повесту романҳо ва қиссаҳояш яке паси дигар рӯйи чопро диданд ва имрӯз ин нависандаи маъруф соҳиби 20 китоби назму наср аст, ки дар солҳои гуногун ба теъдоди бештар аз 1 миллиард нусха ба беш аз 12 забони олам нашр шудааст.
Бахусус, романҳояш дар бораи Хоҷа Насриддин, Амир Темур, Умари Хайём, Иван Грозний ва достони мондагораш "Сафари заминӣ ва осмонии шоир" миёни ҳаводорони каломаш маъруфият пайдо кардаанд. Соли 1993 ин асар беҳтарин романи Аврупо дониста шуд ва сазовори ҷоизаи "Коллетс" шуд.