Эмомалӣ Раҳмон бо Темур Зулфиқоров сӯҳбати телефонӣ намуд

© Sputnik / Амир ИсаевТемур Зулфиқоров. Акс аз бойгонӣ
Темур Зулфиқоров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар гуфтугӯи телефонӣ сарвари давлат шоир ва драманависи номдори мамлакатро шахсан бо ҷашни 80- солагӣ муборакбод намуда, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кард.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуд,  хабар медиҳад president.tj

Чуноне, ки манбаъ хабар медиҳад, ҳамчунин имрӯз Темур Зулфиқоров аз номи Эмомалӣ Раҳмон барқияи муборакбоди гирифт, ки дар он омааст:

«Темур Қосимовичи азиз,

Шуморо ба муносибати 80-солагии рӯзи таваллудатон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои эҷодиро таманно менамоям.

Шумо дар ҳақиқат яке аз адибони шинохтаи кишвари маҳбубамон мебошед, ки дар тайи умри бобаракататон ба халқ софдилона хидмат карда, дар тарбияи маънавии миллионҳо нафар дӯстдорони каломи бадеъ ҳиссаи сазовор гузоштаед. Асарҳои офаридаи шумо ба бисёр забонҳои халқҳои олам тарҷума шуда, номи тоҷиконро шуҳратёр намудааст.

Бештари кишварҳои пасошӯравӣ бо асарҳои пурмазмуну пуробуранги шумо, ки пур аз ҳикматҳои пурғановат ва ривояту қиссаҳои дилнишини халқамон мебошанд, шинос буда, бо як ҷаҳон умеду таассурот онҳоро мутолиа менамоянд ва ҳозир ҳам аз асарҳои шумо дурри маънӣ ҷуста, бо шавқу завқи зиёд онҳоро мехонанд.

Махсусан асарҳои шумо «Достони марги Амир Темур», «Хоҷа Насриддин», «Хоҷа Зулфиқори Девона», «Саргузаштҳои заминию осмонии шоир», Афъимори марҷонӣ», «Чойхонаи лаби ҷар», «Марг нест» ва ғайраҳо асарҳои саргузаштию ривоятӣ буда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, дӯстдорони зиёд доранд.

 Мардуми тоҷик низ бо завқи баланд асарҳои шуморо мутолиа карда, тавассути онҳо ба ҷаҳони рангини қаҳрамонони шумо шиносоӣ пайдо намуда, бо офаридаҳоятон ифтихор менамояд».

Ҷои қайд аст, ки Темур Зулфиқоров- шоир ва нависандаи машҳури тоҷику рус, 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда муаллифи асарҳои зиёди назму насрӣ ва драматургӣ мебошад. Эҷодиёти Темур Зулфиқоров маротибаҳои зиёд дар театрҳои бузурги ҷаҳон ба саҳна гузошта шуда бо 12 забони дунё тарҷума шудаанд. Номбурда муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеию ҳуҷҷатӣ мебошад, ки сазовори ҷоизаҳои фестивалҳои миллӣ ва байналмилалии синамо гардидаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0