ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дирӯз сафири навтаъини Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ ба Душанбе омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корхои хориҷии ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, ки дар рафти вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов ва Залмай Юнусӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумла ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.
"Ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд",-омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин гуфтf мешавад, ки атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар табодули назар сурат гирифт.