Аслов таъмини амнияти долонҳои тиҷоратӣ, тавассути Афғонистонро зарур хонд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ
Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти ҷаласаи Шӯрои вазирони вазоратҳои корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар Тошканд баргузор гардид, вазирон рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақаро муҳокима карданд.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлоси 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки 18-уми октябри соли 2016  дар шаҳри Тошканд оғоз гардид, ширкат ва суханронӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ ҶТ.

Дар рафти ҷаласа, ки таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов сурат гирифт, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзи ҷаҳони ислом ва мушкилоти замони муосирро мавриди муҳокима қарор доданд.

"Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов зимни суханронӣ дар ҷаласа мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба бандҳои гуногуни рӯзномаи СҲИ ироа намуда, ба зарурати аз нав оғоз гирифтан ва таҳким бахшидан ба раванди музокирот дар Ховари Миёна дар асоси қатъномаҳои СММ ва дигар ташаббусҳои байналмилалӣ, ҷалби Афғонистон ба равандҳои минтақавии иқтисодӣ, таъмини амнияти долонҳои транзитии тиҷоратӣ тавассути Афғонистон, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла коркард ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар қаламрави СҲИ таъкид кард",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин зимни ҷаласа, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии ҶУ Абдулазиз Комилов баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ дар атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони ислом, мушкилот ва чолишҳои муосир ва роҳҳои таҳия ва татбиқи талошҳо ва иқдомоти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа мубодилаи афкор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0