Акнун байни Маскав ва Душанбе тайёраи аз ҳама калони Тоҷикистон парвоз мекунад

© Фото : Сайт авиакомпании "Таджик Эйр"Boeing 767300, ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр"
Boeing 767300, ширкати ҳавоии Тоҷик Эйр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои Boeing 767–300 парвози худро ба самти Душанбе-Москва-Душанбе сар кард. Ин ҳавопаймои насли нав аст, ки ба тамоми талаботҳои бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ мебошад

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik.Аз ҳама ҳавопаймои калонтарин дар Тоҷикистон Boeing 767-300 аввали парвози худро ба самти Душанбе-Москва- Душанбе ба анҷом расонид.

Аввалин парвозро тайёра санаи 13-уми декабр амалӣ намуд, он соати 20:20 маҳаллӣ ба анҷом расонида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати ҳавоӣ.

Ширкати ҳавоӣ ба сифати хизматрасонӣ ва шароити дохили ҳавопаймо аҳамияти муҳим медиҳад, мегӯяд директори ҶСК Файзулло Сатторов.

Тайёраи Таджик Эйр, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Тоҷик Эйр” хатсайри Хуҷанд- Санк-Петербургро боз кард

"Мусофирони мӯҳтарамро бо ин маросими фараҳбахш муборакбод мегӯем, ки на танҳо барои ширкати мо аҳамият дорад, балки дар маҷмӯъ барои авиатсия аҳамияти муҳим дорад. Мо ба сифати хизматрасонӣ ва шароити дохилии ҳавопаймо аҳамияти махсус зоҳир мекунем",- гуфт Сатторов.

Вай қайд намуд, ки Boeing 767-300  калонтарин ва дарозтарину васеътарин ҳавопаймо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Чуноне ки Сатторов нақл намуд, ба воситаи ин ҳавопаймо кӯдакони то синни 5-сола метавонанд бепул парвоз кунанд, барои кӯдакони аз 5 то 12-сола бошад 50% тахфиф пешниҳод карда мешавад.

Ҳавопаймо се қатор курси ва ду розҳгар  дорад. Он аз 278 ҷойи нишаст иоборат аст, омадааст дар хабари матбуот.

Лентаи хабарҳо
0