Сокинони Тоҷикистон 5 соат бештар бо барқ таъмин мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевШиркати "Барқи тоҷик", акс аз бойгонӣ
Ширкати Барқи тоҷик, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акнун тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таҳти реҷаи нав бо қувваи барқ таъмин мешаванд: пагоҳи аз соати 5:00 то 11:00 ва бегоҳӣ аз соати 16:00 то 22:00

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik.Ширкати "Барқи тоҷик" изҳор доштааст, ки соати лимити барқро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон камтар мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар робита ба кор даромадани маркази гармидиҳии "Душанбе-2" қувваи барқ ба манзилҳои истиқоматӣ бо реҷаи нав дода мешавад: пагоҳӣ аз соати 5:00 то 10:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то 22:00.

Алоқаи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Барқи тоҷик”: лимити барқ се соат кам карда шуд

Ҳамин тавр  реҷаи таъминкунии қувваи барқ  се соат зиёд гардида буд.

Акнун лимити барқ боз ба 2 соати дигар кам карда шуд.Тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бо қувваи барқ 12 соат таъмин мегарданд: аз соати 5:00 то 11:00 субҳ ва аз 16:00 то 22:00 бегоҳ.

Роҳбарияти "Барқи тоҷик" ба сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки аз қувваи барқ сарфакорона истифода кунанд ва маблағи онро саривақт супоранд.

Лентаи хабарҳо
0