ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар бастагӣ бо ба истифода дода шудани маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" лимити барқӣ бардошта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати "Барқи тоҷик".
Акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 17-00 то 22-00 барқ мегиранд.
Манбаъ қайд мекунад, ки бо ҳамин тартиб лимити барқ се соат кам карда шуд.
Чанде қабл маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо иқтидори 300 мегават аз ҷониби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегават аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.