ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Бино ба аксари коршиносони соҳаи туризми Британия Кабир, Узбакистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти зиёд дорад. Бекор кардани раводид аз моҳи апрели соли 2017 барои рушди ин соҳа заминаи хубе хоҳад буд.
Чуноне ВАО-и Англия қайд мекунанд, Узбакистон дорои фарҳанги бой, бо масҷидҳои гуногун буда, акнун замони дидан кардан аз ҳамаи онҳо фаро мерасад.
"Акнун ба ҷои амалиёти дуру дарози гирифтани раводид, танҳо бо пардохти 50 доллари амрикоӣ метавон ба Узбакистон ворид гашт",-менависанд ВАО аз суханони коршинос оид ба Осиёи Марказӣ Крис Эллис.
Ба қавли ӯ Узбакистон-кишвари афсонавист. Роҳи Абрешим аз ин минтақа мегузарад. Санъати мемории шаҳрҳои қадимаи Самарқанд, Бухоро ва Хива касро ба ҳайрат мегузорад.
"Вале муҳимаш ин ки мардуми ин минтақа хеле ҷолибанд. Мардуме, ки ҳамеша аз дидори шумо шод мешаванд. Ин минтақаҳои аҳолинишине мебошанд, ки то ҳол дасти тамаддуни ғарбӣ он ҷо нарасидааст",-қайд кард Эллис.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ҳукумати Узбакистон барои 27 давлати дунё низоми раводидро бекор кард. Акнун сайёҳони хориҷӣ танҳо бо пардохти 50 доллари амрикоӣ метавонанд ба кишвар ворид шаванд.