ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Имрӯз аз ҷониби пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV дар шаҳри Норини Қирғизистон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ кушода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати ҶҚ.
"Донишгоҳи Осиёи Марказӣ-натанҳо қудрати маориф, қувваи ҳамкориҳои байналмиллалӣ, балки қувваест, ки метавонад зиндагиии мардумро тағйир диҳад",-гуфт Оқохони IV зимни маросими ифтитоҳи донишгоҳ.
Дар баробари ин Оқохони IV зимни маросими кушодашавӣ суханронӣ намуда қайд кард, созишномаи байналмиллалӣ оиди бунёди ДОМ, ки соли 2000 миёни Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расид, беназир буда, намунаи талошҳои се кишвар барои расидан ба ҳадафи ягона мебошад.
"Бояд дарк кард, коре, ки мо имрӯз анҷом медиҳем, натанҳо дар оянда намунаи бебаҳои ҳамкории байналмиллалӣ дар минтақа, балки барои мардуми берун аз он хоҳад буд",-қайд кард пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV.
Баъди ифтитоҳи донишгоҳ Оқохони IV ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар маросими кушодашавии боғи истироҳатии шаҳрӣ иштирок карданд.
Боғи фарҳангӣ пурра аз ҷониби Бунёди Оқохон маблағгузорӣ шудааст.