Горбачев: Росия ва ИМА қодиранд, ки ҷаҳонро ба таври дигар идора кунанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСобиқ президенти ИМА Михаил Горбочев, акс аз бойгонӣ
Собиқ президенти ИМА Михаил Горбочев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷомеаи байналмиллалӣ ба ҳамкориҳои Русияву Амрико ва муколамаи фаъол ин ду давлат ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 13 дек —Sputnik.Якумин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев  дар бораи нақшҳои глобалии  ду двлат- Русия ва Амрико изҳори ақида намудааст.

Ба гуфтаи вай ҷаҳон ба ҳамкориҳои Русия ва Амрико ниёз дорад.

"Онҳо метавонад якҷоя ҷоҳонро бо роҳи дигар баранд",- мегӯяд Горбочев.

Вай афзуд, ки агар муколамаи мазкур роҳандозӣ нашавад, ҳама ба густариши нерӯҳои низомияшон хоҳанд пардохт, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар бораи вайрон шудани Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ президент изҳор дошт, ки раванди онро Русия роҳбарӣ мекард. Ба гуфтаи вай он вақт сиёсатмадорон барои қудрат мубориза мебурданд.  Аз ҳамин лиҳоз,  кишварҳои Ғарб хурсандӣ мекард. Зеро дар муддати солиёни зиёд ИҶШС кишварҳои аврупоиро нороҳат мекард.

Горбачев дар бораи президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки президенти арзанда ва шахсияти қавӣ аст ва илова намуд, ки ҳамагон ба як қатор қарорҳои ӯ эрод гирифтанд.

Михаил Горбочев — ахирон котиби кулли  КМ КПСС ба ҳисоб меравад. Ахирон раиси президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва  дар таърих аввалин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0