Россотрудничество дар Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон филиал мекушояд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЛюбов Глебова-роҳбари оҷонсӣ оид ба кишварҳои ИДМ. Акс аз бойгонӣ
Любов Глебова-роҳбари оҷонсӣ оид ба кишварҳои ИДМ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар охири соли равон дар шаҳри Оши Қирғизистон филиали Россотрудничество кушода мешавад. Ҳамчунин боз намудани филиали Россотрудничество дар Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Россотрудничество мехоҳад дар Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон филиалҳои худро боз намояд, изҳор дошт дар мусоҳиба бо РИА Новости роҳбари ин ниҳод Любов Глебова.

"Кушодашавии марказҳо дар мувофиқа бо созишномаҳои байнидавлатӣ сурат мегирад. Чун анъана филиалҳои мо дар пойтахтҳои давлатҳои хориҷ ҷойгиранд. Вале чуноне маълум гардид, дар минтақаҳои алоҳида низ нисбати таҳсил талабот зиёд аст. Аз ин лиҳоз дар ҷое, ки талабот зиёд аст, онҷо мо марказҳоро ифтитоҳ мекунем",-гуфт мусоҳиби оҷонсӣ.

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

Глебова қайд кард, ки охирҳои соли равон дар шаҳри Оши Қирғизистон филиали Россотрудничество кушода мешавад. Ҳамчунин боз намудани филиали Россотрудничество дар Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷон дар назар аст.

"Мо албатта диққати асосиро ба кишварҳои ИДМ медиҳем, зеро онҳо барои Россотрудничество самараноканд. Вале танҳо дар ҳамкорӣ бо ин кишварҳо фаъолиятамон маҳдуд намешавад. Масалан барои кушодани филиал дар АМА аллакай гуфтушунидҳо доир гардиданд",-илова кард роҳбари Оҷонсӣ.

Ӯ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Россотрудничество дорои  94 намояндагӣ дар 80 кишвари ҷаҳон буда, аз байни онҳо дар 61 кишвар 70 маркази илм ва фарҳанги  Русия фаъол аст.

Лентаи хабарҳо
0