ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.Сомонаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри- Ланка сафар кардааст.
Манбаъ қайд мекунад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе якчанд ашхоси расмӣ гусел намуданд.
Ғайр аз ин дар ин сафар президентро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азамшо Шарифӣ, Фаррух Ҳамрализода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, Сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.