Барқияи тасаллияти Раҳмон ба президенти Туркия

© Фото : Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита бо ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳодар таркиши назди варзишгоҳ ба мардуми дӯсти Туркия тасаллият баён мекунам, омадааст дар барқияи тасаллияти президент

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия Реҷеп Тайеп Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷеабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истамбул тассалияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол медорам, омадааст дар мактуби президент.

Эмомалӣ Раҳмлон иброз доштааст, ки ин гуна амалҳои террористиро ҷониби Тоҷикистон маҳкум месозад ва зарур мешуморад, ки бо он пайваста мубориза бурд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба наздикони фавтидагон ҳамдардӣ баён намуда, ба осебдидагони фоҷиа шифои комил таманно намудааст.

Лентаи хабарҳо
0