Сармоягузории афзун таъсири Чинро дар Тоҷикистон бештар мекунад

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкКоргари чинӣ.Акс аз бойгонӣ
Коргари чинӣ.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯмаки ҳамешагии Чин ба Тоҷикистон дар сохтани роҳҳо, заводҳо ва истгоҳҳои энергетикӣ имконият медиҳад, ки Чин таъсири худро ба кишвар зиёд намояд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Чин бо сармоягузории бештар ба лоиҳаҳои кишварҳои минтақа ҳузури худро дар мамолики Осиёи Марказӣ афзун мекунад, хабар медиҳад  PressTV.

Ширкати чинии Tebian Electric Apparatus (TBEA) сохтмони маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро дар Тоҷикистон ба итмом расонид. "Чин таъсири иқтисодии худро ба ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки аз маблағгузорӣ танқисӣ мекашад, зиёд мекунад"-омадааст дар хабар.

Дирӯз маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо иқтидори 300 мегават аз ҷониби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон сармоягузорони Чинро ба майдони энергетикии кишвар даъват мекунад

Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегават аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд ва он дирӯз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҷуброни арзиши сохмониро ширкати TBEA  мехоҳад аз ҳисоби кони тиллои Тоҷикистон ба даст орад. Соли 2009 ин ширкат барои сохтмони алоқаи барқии 325-километра 400 миллион сарф карда буд.

Мувофиқи маълумоти нашриёт дар ҳоли ҳозир Чин сармоягузори асосӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0