Дар Маскав муҷассамаи Ислом Каримов гузошта мешавад

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкИслом Каримов. Акс аз бойгонӣ
Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҷассамаи президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов дар боғе, ки ба номи худи ӯ гузошта шудааст, ҷой дода мешавад. Гулгашт бо номи Ислом Каримов дар наздикии сафоратхонаи Узбакистон дар Маскав ҷойгир шудааст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Маскав қарор кардааст, ки ба президенти нахустини Ҷумҳурии Узбакистон муҷассама гузорад.

Муҷассамаи президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов дар боғе, ки ба номи худи ӯ гузошта шудааст, ҷой дода мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба комиссияи думаи давлатии Масква оид аб санъати ҳайкалтарошӣ.

Ислом Каримов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов, акнун унвони гулгашт дар Маскав гардид

Дар ҷаласаи шаҳрӣ, ки моҳи октябри соли равон баргузор шуд, раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин бо имзои як қарор боғи фарҳангиро, ки дар кӯчаи Якиманкаи пойтахти Русия  ҷойгир аст, ба номи Ислом Кариомв гузошт.  Гулгашт бо номи Ислом Каримов дар наздикии сафораттхонаи Узбакистон дар Маскав ҷойгир шудааст.

"Мо якдилона дар бораи гузоштани муҷассама қарор қабул кардем",-изҳор дошт раиси комиссия Игор Вознесенский.

Президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов санаи дуюми сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ вафот кард. Ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Узбакистон барои омода намудани ҳайкали президенти нахустини кишвар Ислом Каримов озмуни байналмиллалӣ эълон мекунад.

Лентаи хабарҳо
0