ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik.Тоҷикистон имконияти малағгузорони чиниро дар соҳаи энергетикаи кишвар дида баромада истодааст.
Самтҳои тозаи ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо президенти Кумитаи иҷроияи институти лоиҳавии электроэнергетикии Анхуэйи корпаратсияи сохтмонӣ-электрикии чинии Яо Сяопин муҳокима карданд.
"Ҳамкориҳои ҶХЧ ва Тоҷикистон дар соҳаи энергетика васеъ гашта, то рафт рушд меёбад. Мо мехоҳем дар бозори энергетикии Тоҷикистон фаъолона ширкат кунем",- изҳор дошт Яо Сяопин.
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишварест, ки захираҳои бузургӣ энегетикиро доро мебошад. Баробари ин кишвар ҷонибдори он аст, ки ширкатҳои чинӣ дар сохтмони НБО-ҳои хурду миёна дар рӯдҳои дохилии Тоҷикистон фаъолона иштирок кунанд, иброз дошт Шариф Саид.
"Тоҷикистон лоиҳаҳои эҳёи Роҳи бузурги Абрешим ва иштироки ширкатҳои чиниро дар сохтмони НБО-ҳои хурду миёна хатҳои интиқоли барқ, дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва МБГ-ро дар дарёҳои дохилӣ дастгирӣ мекунад",- қайд намуд вай.
Ба гуфтаи Шариф Саид фазои мусоиди сармоягузорӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрӣ, имтиёзҳо ба андоз ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар ба сармоягузорон имконияти бузурги амали намудани лоиҳаи калонро дар Тоҷикистон фароҳам меорад.
Моҳи августи соли 2016 байни ПСТ ва Институти лоиҳавии электроэнергетикии Анхуэйи корпаратсияи сохтмонӣ-электрикӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.