ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik.Фарида Бобоҷонова. Санаи 8-уми декабр филми мустанади коргардон Анна Маисеенко "Суруди Абдул" ба намоиш гузошта шуд. Ҳозирон ҳини тамошои филми мустанад гоҳо гиря ва гоҳо механдиданд. Бо тамошои филм ҳар кас ҳаёти хешро пеши назар меовард.
Зулфия Миршакар- духтари шоири машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар баъд аз тамошои филм ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳиссиёти хеш нақл намуд.
"Намоишро бо ҳаловат тамошо кардам. Хело хандидам. Аз дидани кадрҳои лаҳзаҳои дурӣ аз наздикон ва диёр, гиря ҳам кардам. Ман худ тоҷикам, аммо дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунам, манзараҳои Ватан бароям аҷаб ҳаловате бахшид ва бори дигар Помирро ёд кардам",- мегӯяд духтари шоир.
Анна Маисеенко дар сӯҳбат бо сомона иброз дошт, ки мақсад аз интихоби мавзӯи муҳоҷират дар филми навбатии вай ба ин масъала диққати ҳамагонро бори дигар ҷалб намудан аст ва ба мардуми Русия паҳлӯҳои дигари ҳаёти муҳоҷирон нишон додан мебошад.
"На ҳама дар кишваре ё шаҳре, ки таваллуд ёфтаанд кору зиндагӣ мекунанд. Баъзеҳо аз сабаби иқтисодӣ, баъзеҳо аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон ру ба муҳоҷират меоранд. Муҳоҷират тамоюли ҷаҳонист. Бояд назари ҷомеа имрӯз ба муҳоҷират дигаргун шавад",- иброз дошт вай.
Ба гуфтаи Анна Маисеенко тамошои ҳаёти муҳоҷир на танҳо тоҷикон, балки тамошобинони русро низ ба худ ҷалб кард.
"Худи ман ҳам дар Маскав таваллуд нашудаам. Дӯстони зиёде дорам, ки дар Маскав ё Русия ба воя нарасидаанд. Ҳаёти онҳо ҳам баъди ба пойтахт омадан, ранги дигар гирифтааст ва лаҳзаҳои монандро бо ҳаёти қаҳрамони филм паси сар намудаанд",- мегӯяд вай.
Пас аз тамошои филм дугонаам навиштаҳои пурэҳсос равон кард. Мегӯяд, ки ҳаёти худро пеши назар меовардааст, қайд кард Анна.
Абдул- Абдумамади Бекмамад баъд аз намоиш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар экрани калон ҳаёти худро бо чашми дигарон дид.
"Ҳар ҷое мерафтам, Анна ҳамроҳам мерафту маро ба навор мегирифт. Аммо то охир боварӣ надоштам, ки як филми пурра ва бомантиқ ҳосил мешавад. Фикр мекардам ба намоиш мегираду дар як кунҷ мемонад",- мегӯяд хоксорона Абдумамад.
Екатерина як нафар духтари рус иброз дошт, ки тамоми кадрҳои аз ҳаёти як марди оддӣ буд. Ҳама инсонворона буданд ва филм муҳоҷиронро аз лиҳози дигар намоиш медод.
Худи қаҳрамони филм мегӯяд, ки аз ҳузури тамошобинон хело шод гаштааст.
"Мо пештар ҳам намоишномаҳои зиёд гузоштаем. Он вақт танҳо русҳо ҳузур меоварданд. Аммо имрӯз ман намояндаи бисёр миллатҳоро дар толор дидам",- мегӯяд вай.
Ба гуфтаи Абдумамад, вай худаш аз Помир асту умед надошт, ки филм диққати сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистонро низ ҷалб мекунад. "Ман аз ҳузури ҳамватанони худам, хусусан аз онҳое, ки аз Помир нестанд, хело шод шудам",- гуфт вай.
Ба гуфтаи коргардони филм ба мавзӯи муҳоҷират дар Русия акнун таваҷҷӯҳ зоҳир намуда истоданд. Дар Аврупо бошад тақрибан 20 сол пеш дар ин бора филмҳо меофариданд.
"Бо Абдумамад баъд аз намоимшномаи "Акын опера" шинос шудем. Ҳаёти ин муҳоҷир ба ман аҷоиб намуд- вай ҳам коргари оддӣ аст, ҳам марди ҳунар",- мегӯяд Анна Маисиеенко.
Қаҳрамони филм бошад мегӯяд, ки фаъолияти ҳунарии вай дар Русия ҳамагӣ 6 сол пеш сар шуд.
"Мо (гурӯҳе ҳавасмандон-идора) ба таври худ намоишнома омода намудем. Ба он асосан русҳо ташриф оварданд, пас аз тамошо аз мо рақами телефон пурсиданд. Ҳамин тавр бо коргардони намоишномаи "Акын Опера" шинос шудем, ӯ моро бо репититсия даъват кард. Намоишномаро гузошта, соҳиби ҷоиза шудем",- гуфт вай.
Анна Маисеенко мегӯяд, ки сабти комил 125 соат давом мекунад. Вай дар ин муддат ба Помир ҳам рафтааст ва аҳли олаи қаҳрамонро ҳам сабт кардааст.
"Ман лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамонро ба навор гирифтам. Хостам ба бинандаҳо нишон диҳам, ки ӯ дар пайдо кардаи ҷойи кор бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад ва на ҳамеша кори доимӣ дорад",- мегӯяд вай.
Абдумамад чун пештара акнун ба ҳама кор даст зада наметавонад. Зеро баъд аз "Ниқоби тилло" на ҳамаи корфармоён розӣ мешаванд, ки дорандаи чунин ҷоизаи волоро барои иҷрои корҳои гуногун бигиранд.
"Ба кор гиранд ҳам, ба ҷойи ман шиносонам кор мекунанду маро даст задан намемонад",- қоил шуд Абдумамад.
Абдумамад дар тӯли 10 сол ба ватан бармегардад, Анна бошад аз паси вай бо камера.
"Дар хонаводаи Абдумамад лаҳзаҳои аҷоиб буданд- ҳама хоб мерафтанд, ман бошам менишастам. Аз хоб бедор шуда медиданд, ки ман боз бо навор нишастаам",- мегӯяд вай.
Филм шухиҳои бисёр дорад. Ба назар чунин менамояд, ки худи қаҳрамони филм табъи хуш дорад. Вале сурудҳои Абдул ҳаловати дигаре мебахашанд.
"Аз мушкилиҳои муҳоҷирон ҳама бохабаранд. Маро як чиз ба ҳайрат овард: мардум ба ҳама мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, инсонворона зиндагӣ мекунанд, қалби пок доранд, суруд мехонанд, механданд- ин хусусияти тамомоми мардуми кӯҳистон мебошад",- гуфт боифтихор Зулфия Миршакар.
Дар мавриди суруд хондан ва нақш офаридан Абдумамад мегӯяд, ки аз ягон мактаби ҳунар сабақ наомӯхтааст, санъати вай худодод мебошад.
Ба Анна кӯҳҳои зебоманзари Тоҷикистон хело писанд омадааст. Мегӯяд, ки дар Тоҷикистон имкониятҳои зиёди офаридани филм вуҷуд дорад.
Коргардон мехоҳад "Суруди Абдул"-ро соли оянда дар Тоҷикистон ба намоиш гузорад ва ба Фестивалҳои байналмиллалӣ равон кунад.
Худи Абдул мегӯяд, ки "баъзан рӯзҳое мешаванд, ки мегуям: пагоҳ чипта мехараму ба ватан бармегардам, аммо…".