ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро пешгирӣ намуданд.
Гурӯҳи қочоқчиёни афғон тариқи ноҳияи Шӯробод кӯшиши убури ғайриқонуннии сарҳадро карданд. Дар ҷои ҳодиса 25 кг афюн ва 4 кило нашъа дарёфт гардид, хабар дод сухангӯи Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти кишвар Муҳаммад Улуғхоҷаев. Ҳодиса дар ноҳияи сарҳадии Шӯробод ба вуқӯъ пайваст.
"Байни қочоқчиёни афғон ва сарҳадбонони тоҷик задухӯрд ба амал омад. Гурӯҳи қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, дар он сӯи дарё паноҳ бурданд",-омадааст дар хабарномаи дафтари матбуотӣ.
Аз ҷои ҳодиса 25 кг афюн ва 4 кило нашъа дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ҳодиса Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон тафтишотро идома медиҳад.
Қаблан хабар дода шуд, ки сарҳадбонони тоҷик дар ноҳияи Панҷ гурӯҳи қочоқчиёнро дастгир намуда, аз онҳо 15 килограмм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карданд.