Ифротгароёни мехостанд шаҳрвандони Русияро бо соли нав “табрик кунанд”

© Foto / Пресс-служба Главного управления Росгвардии по г. Москве / Гузариш ба медиабонкРафти дастгиршавии гумонбарон
Рафти дастгиршавии гумонбарон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби 6-уми декабр то субҳи 7-ум дар Маскав ва вилоятҳои назди Маскав аз ҷониби қувваҳои амнияти Русия 25 нафар бо гумони ифротгароӣ дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik, Сергей Кузнетсов.Маълумот ба ВАО аз манбаҳои номбарнашуда расидааст. Дар амалиёти калон кормандони ФСБ, мутахассисони маркази "Э" ВКД ва ҷангиёни Гвардияи Русия иштирок намуданд.

Якбора дар якчанд хонаҳои ҳудуди Маскав амалиёти дастгиркунӣ ташкил карда шуд. Қисме аз сабтҳои видеоии амалиётҳои дастгиркунӣ ҳангоми субҳ аз ҷониби кормандони  қувваҳои махсуси Русия пайдо гардид.

Саҳифаи иҷтимоии Фейсбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Facebook, Microsoft, Twitter ва YouTube бар зидди терроризм мубориза мебаранд

Чуноне ки ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи ВКД хабар дод, ҳоло дар бораи мансубияти милли дастгиршудагон гап задан, барвақт аст.

Ин маълумотро ба сомона аз ФСБ Русия низ тасдиқ намуданд. Дар ҳақиқат дар қатори боздоштшудагон шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Қавқози Шимолӣ низ буданд.

Лекин то бегоҳ шумораи дастгиршудагон аз 25 нафар то 12 нафар кам шуд.

Ҳамаи онҳо дар экстримизм ва тайёр намудани терактҳои солинавӣ дар шаҳрҳои калони Русия гумонбар дониста мешаванд. Мувофиқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, онҳо метавонанд аъзои гурӯҳи калони террористӣ бошанд, ки қисме аз онҳо ҳафтаи гузашта дар Маскав ва Санк-Петербург дастгир шуда буданд.

Он вақт дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон буданд. Тафтишот маълум намуд, ки ҳамаи онҳо бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) иртибот доштаанд.

Ғайр аз ин иштироки  ҳамаи дастгиршудагонро дар амалиётҳои террористии дар Русия анҷомдодашуда, тафтиш мекунанд.

Намояндаи ВКД ФР ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дастгиршудагон дар яке аз лагерҳои ДИ дар Афғонистон аз тайёрӣ гузаштаанд.

Аз хонаҳои онҳо силоҳ, дастгоҳҳои тарканда ва воситаҳои алоқа ёфт гардид.

Вобаста бо таҳдидҳои амалҳои террористӣ дар арафаи соли нав кормандони полис ва Гвардияи миллӣ ба режими сахти хизмат гузаштанд.

Баъдтар маълум гардид, ки Суди ноҳияи Мешанскии шаҳри Маскав яке аз 12 дастгиршудагонро ба ҳабс гирифтааст. Исми вай Эгамбердиев Х.А., соли таваллуди 1985 мебошад, ки то 30-уми январ дар ҳабси пешакӣ мемонад.

Чораҳои фаврӣ

Ба ғайр аз ин, коршиносон огоҳӣ мекунанд, ки агар чораҳои фаврӣ санҷида нашавад, чунин дасгиркуниҳо такорор ба такрор ба ба вуқӯъ омадан мегирад. Ба гуфтаи Михаил Пашкин раиси Иттиҳоди байнимитақавии полис, имрӯзҳо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ худро дар кишвар беҳуқуқ ҳис мекунанд.

Сиёсатмадор Андраник Мигранян. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мигранян: терроризм натанҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба Аврупо низ таҳдид мекунад

"Ҳуқуқҳои онҳо бояд ба мисли шаҳрвандони Русия  ҳифз карда шавад, маоши онҳо бояд саривақт пардохт шавад, бояд нисбати корфармоёни беадолате, ки саривақт маоши муҳоҷиронро намедиҳанд,  чораҳо андешида шавад",- гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай боварӣ дорад, ки ҳамаи муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд изи анугшти онҳо гирифта шавад ва онҳое, ки дар Русия қарор доранд, дар муддати се моҳ бояд аз ин тартиб гузаранд.

"Ҳар касе, ки ин амалро ба поён нарасонидааст, бояд аз озоди маҳрум карда шавад, зеро танҳо бо ҳамин роҳ метавон ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза бурд. Ба Русия бошад бояд танҳо муҳоҷирони ихтисоснок ва босаводро даъват кард, ки аз таърихи кишвар бохабар буда, забони русиро хуб медонанд",- қайд намуд коршинос.

Ёдовар мешавем, ки дар мобайнҳои ноябр ФСБ эълон намуд, ки дар шаҳри Маскав ва Санкт Петербург 10 нафар зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро бо гумони даст доштан дар тайёр намудани амалиётҳои террористӣ дастгир намудааст. Маълумот дар бораи гумонбаршудагон ба мақомотҳои тафтишотӣ аз органҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон расидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0