ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Имрӯзҳо таҳдиди паҳншавии терроризм натанҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар мамолики Аврупо, ки он ҷо низ мусулмонон ба сар мебаранд, бузург аст.
Дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Мигранян қайд кард, ки дар ҳар кишвар гурӯҳҳои гуногуни одамон ба дастаҳои ҷиноӣ чун Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамфикр ҳастанд.
Ба гуфти ӯ ташкилотҳои террористӣ аз решаи худ сабз мешаванд, дар аксари кишварҳо барои рушди он замина фароҳам аст. Ва дар аксар маврид паҳншавии терроризм ба дохил шудани ҷангиёни Давлати Исломӣ ба ин ё он кишвари дунё вобастагӣ надорад.