ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Президенти ИМА Барак Обама танҳо барои истироҳат ва сафар зиёда аз 85 миллион доллар сарф кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Judicial Watch.
Бо ҳисоби миёна хароҷоти оилаи президент дар як сол 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур барои амният, сафар бо тайёра ва нақлиёт, иҷораи мошин ва рақамҳо, иҷораи меҳмонхонаҳо барои наздикон ва кормандони хадамоти махфии ИМА сарф карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти сомона ин миқдор маблағи хароҷот ниҳоӣ нест. Оилаи президент ҳамасола иди Мавлуди Исоро дар Ҳавайӣ ҷашн мегиранд ва имсол ҳам ба нақша гирфтаанд, ки ба иёлот раванд.
Ташкилоти Judicial Watch ҳисоботи вақтгузаронии президентро дар Ҳавайӣ омода намуда, пешниҳод мекунад, ки хараҷоти оила дар соли 2015 — 4,8 миллион долларро ташкил кардааст.
Обама аз сари қудрат 20-уми январи соли 2017 меравад ва ҷойи вайро Доналд Трамп мегирад.