ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон интихоб шуд, хабар дод раиси комиссияи интихоботии Узбакистон Улуғбек Абдусаломов.
То ин дам Шавкат Мирзиёев вазифаи сарвазирии кишварро бар дӯш дошт. Баъди вафоти президенти аввалини Узбакистон, Мирзиёев иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон таъин шуд.
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон рӯзи якшанбе баргузор гардид. Раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияи марказии интихоботӣ бо иштироки зиёда аз 33%-и овоздиҳандагон баргузоршуда эътироф шуд.
Санаи 2-юми сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов вафот кард. Ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ситоди Шавкат Мирзиёев ба пирӯзии комили ӯ бовар дорад.