Наздики 30 ҳазор нафар авф мешаванд. Дар Қазоқистон

© Sputnik / Владимир ПесняДар маҳбас. Акс аз бойгонӣ
Дар маҳбас. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи лоиҳаи қонун қисми осебпазири ҷомеа, аз ҷумла, ноболиғон, занони ҳомиладор, модарони кӯдакони маъюб ва ноболиғ аз бурдани ҷазои ҷиноӣ озод карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Қазоқистон наздики 30 ҳазор нафар дар арафаи 25-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ авф карда мешаванд.

Моҳи ноябри соли равон роҳбари давлат Нурсултон Назарбоев лоиҳаи қонун  "Дар бораи Афв"-ро,  ба  парлумон пешниҳод намуд.

"Якчанд гурӯҳ озод мешаванд.  Дар ҳоли ҳозир мо наметавонем шумораи дақиқро, бигӯем. Вале тақрибан шумораи онҳо ба 30 ҳазор нафар баробар аст",-хабар дод муовини додситони кул Иоган Меркел.

Ӯ қайд кард, ки аз муассисаҳои ислоҳии кишвар тақрибан 1,8 ҳазор нафар озод карда шуда, барои панҷ ҳазор нафари дигар мӯҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.

Монументи Астана-Байтерек дар маркази шаҳри Остона, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон қонуни авф амалӣ мешавад

Мувофиқи лоиҳаи қонун гурӯҳи осебпазири ҷомеа, аз ҷумла, ноболиғон, занони ҳомиладор, модарони кӯдакони маъюб ва ноболиғ, ашхоси бузургсол, ҳамчунин нафароне, ки ҷинояти сабук содир кардаанд, аз бурдани ҷазои ҷиноӣ озод карда мешаванд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Қазоқистон бахшида  ба рӯзи истиқлолияти кишвар ба 600 нафар шаҳрвандӣ медиҳад.

Ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамасола санаи 16-уми декабр қайд карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0