Дар Қазоқистон қонуни авф амалӣ мешавад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкМонументи "Астана-Байтерек" дар маркази шаҳри Остона, акс аз бойгонӣ
Монументи Астана-Байтерек дар маркази шаҳри Остона, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи қонуни мазкурро президенти кишвар Нурсултон Назарбоев пешниҳод намудааст. Сокинонии Қазоқистон санаи 16-уми декабр истиқлолияти хешро ҷашн хоҳанд гирифт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Бахшида ба Рӯзи истиқлолияти миллӣ дар Қазоқистон парлумони кишвар лоиҳаи қонун дар бораи авфро қабул кард.

Ташаббускори лоиҳаи қонуни мазкур президенти кишвар Нурсултон Назарбоев мебошад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

"Мувофиқи банди 1 моддаи 61 Сарқонун лоиҳаи Қонун "Дар бораи авф бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Қазоқистон" ба маҷлис пешниҳод карда мешавад",- хабар медиҳад манбаъ.

Шаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон ба 600 нафар дар арафаи истиқлолият шаҳрвандӣ медиҳад

Мувофиқи қонуни авф шаҳрвандони категорияи иҷтимоии осебпазир, ноболиғон, занони ҳомила, заноне, ки кӯдакони ноболиғ доранд, пиронсолон ва маъюбон озод карда мешаванд.

Муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур дар палатаҳои парлумон ба прокурори генералӣ Ҷакип Асанов вазифадор карда шудааст.

Қазоқистон санаи 16-уми декабр истиқлолияти хешро ҷашн мегирад.

Лентаи хабарҳо
0