Интихоботи президенти Узбакистонро 1300 журналист “таҳлил” мекунад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкБаландгӯяки рӯзноманигорон. Акс аз бойгонӣ
Баландгӯяки рӯзноманигорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-уми декабри соли равон баргузор мегардад. Санаи 24-ноябр интихоботи пеш аз мӯҳлат шурӯъ шуд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар интихоботи президентии Узбакистон 1300 намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷа муҷаввиз шудаанд, хабар медиҳад раиси КМИ-и Узбакистон Улуғбек Абдусаломов.

"То имрӯз 1300 намояндаи ВАО иҷозатномаи иштирок дар рафти интихоботи президентиро гиирфтааст. Зиёда аз 60 журналисти хориҷӣ аллакай аккредитатсияро соҳиб шудаанд. Дар ҳоли ҳозир мо дигар гурӯҳҳои намояндагони васоити ахборро интизорем",-хабар дод ӯ.

Майдони истиқлолияти Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Журналисти олмониро аз Узбакистон пеш карданд

Аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи бемории инсулт вафот кард. Собиқ раис ҷумҳур дар зодгоҳаш-шаҳри Самарқанд тариқи маросимҳои исломӣ ба хок супорида шуд.

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-уми декабри соли равон баргузор мегардад.  Санаи 24-ноябр интихоботи пеш аз мӯҳлат шурӯъ шуд.

Марказҳои интихоботӣ аз соати 09.00 то 18.00 бо вақти маҳаллӣ то 2-юми декабр фаъол хоҳанд буд.

Лентаи хабарҳо
0