ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо варзишгарон аз Душанбе, вилояти Хатлон ва Суғд, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи марказ, ВМБК ва Рашт иштирок доштанд, ки дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ мекарданд.
Бояд қайд кард, ки иштирокчии аз ҳама ҷавони ин чорабинӣ Ҷаҳонгир Маҷидови 16-сола байни калонсолон иштирок намуд. Ӯ дар вазни 81 кг чемпиони Тоҷикистон гардид.
Дар вазни 60 кг Сайёд Ёқубов, дар вазни 66 кг- Беҳрӯз Хоҷазода, дар вазни 73 кг- Муҳаммад Мирзоев ва дар вазни 90 кг —Ҳоҷимашраб Раҳмонов қаҳрамонони мусобиқа шуданд. Фирдавс Насимов дар вазни 100 кг ва Абӯбакр Раҳмонов дар вазни +100 ҷойи аввалро ба даст оварданд.
Ҳамагӣ дар чорабнӣ 300 варзишгар иштирок намуданд. Ҳарба ду рӯз дар байни беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон давом ёфт. Мақсади асосии мусобиқа дарёфти беҳтарин дзюдочиёни тоҷик барои муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ мебошад.