ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ҳоло ба ин мусобиқа варзишгарон омодагии ҷиддӣ мебинанд. Борои ба даст овардани ғолибият варзишгарони аз 18 сола боло метавонанд дар тамоми категорияҳо қувваи хешро санҷанд.
Соли гузашта мусобиқа дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор гардида буд. Дар мусобиқа 40 варзишгарон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Русия, Белорус, Итолиё, Куба, Юнон, Миср, Афғонистон, Эрон ширкат варзиданд.
Дар таркиби дастаи варзишагрони тоҷик 23 нафар варзишгарон шомил буданд. Дар мубориза барои ғолият ҷавонони аз 18 сола боло дар вазни мутлақи аз 81 кг боло мубориза бурданд.
Фонди мукофотии мусобиқа 100 ҳзр. сомонӣ(қариб 15 ҳзр. доллар)-ро ташкил мекард. Ба ғолиби ҷойи аввал- 7 ҳзр. доллар, дуввум- 4 ҳзр. доллар ва саввум- 2 ҳзр. доллар дода шуд.
Ғолиби мусобиқа соли дуввум аст, ки дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов мегардад, ки дар давраи ниҳоӣ ба ҳарфи худ аз давлати Белорусия Александр Ваховяк ғолиб меояд. Медали бринҷиро Фирдавс Насимов аз Тоҷикистон ва Энди Сентяго Алварес аз Куба гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки бори авввал дар таърихи ватании дзюдо Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2013 баргузор гардид. Он вақт мусобиқа бо иштироки варзишгарон аз 12 давлат баргузор шуд.
Бозии дуввуми Ҷоми Президенти Тоҷикистон соли 2014 бо иштироки 32 дзюдочӣ аз даҳ кишвар баргузор шуд. Ба сифати меҳмони олиқадр дар ин бозӣ гӯштингири эронӣ Эмом Алӣ Ҳабибӣ, чемпиони олимпии соли 1956, чемпиони секаратаи ҷаҳон дар гуштини озод ва ҳамчунин аввалин ҷоизадори олимпии Тоҷикистони мустақил Расул Боқиев иштирок доштанд.
Ба таркаиби дастаи варзишгарони тоҷик 15 варзишгар дохил мешуданд. Ғолиби мусобиқа намояндаи Тоҷикистон Муҳоммадмурод Абдураҳмонов гардида, ҷойи дуввумро низ Тоҷикистон- дзюдочӣ Зиёратшо Баротов гирифт. Ҷойи саввумро Ҷовиб Маҳҷуб аз Эрон ва Саидҷалол Саидов аз Тоҷикистон гирифта буданд.