ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Комила Шаҳидова хонандаи синфи 11-и шаҳри Душанбе дар 14-умин озмуни байналмиллалии забони русӣ ба номи А.С. Пушкин, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, соҳиби мақоми аввал шуд.
Бино би иттилои намояндагони вазорати маорифи кишвар дар олимпиадаи мазкур хонандагони 29 давлати дунё иштирок намуданд. Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии президентӣ соҳиби шоҳҷоиза гардида, шараф ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошт.
Манбаъ меафзояд, ки ин сеюмин шоҳҷоизаи хонандаи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин мебошад. Соли 2008 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев, соли 2013 хонандаи мактаби президентии шаҳри Бўстон Нодира Раҳимова ва соли 2016 Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе сазовор гардидаанд.
Кумитаи тадорукоти олимпиада пешниҳод намуд, ки иштирокчиёни олимпиадаи мазкур имкон доранд ба донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дохил гардида, сазовори номи донишҷў гарданд.
Чанде қабл хонандаи дигари тоҷик Бахтовар Ҳотамӣ дар Индонезия дар озмуни байналмиллалаӣ аз фанни математика иштирок карда, сазовори мақоми аввал шуд.
Ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки қабл аз олимпиада дар як рӯз ҳашт соат ба омӯхтани фанни математика машғул мешуд.