ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Қасри сафед дар баромади хеш даъват намудааст, ки дигар ба мусалмонон бо чашми шубҳа нигоҳ накунанд.
"Агар мо нисбати одамоне, ки ягон дини муайянро намояндагӣ мекунанд, шакку шубҳаи худро зиёд кунем, худамон сабаби зиёд гардидани ҳамлаҳо мешавем",- менависад РИА Новости аз суханони котиби матбуоти президенти ИМА Ҷош Эрнест.
Ба гуфтаи вай одамонро танҳо барои он, ки мусулмон мебошанд, дар терроризм гунаҳкор намудан, хатост.
Ин баромади ҷониби ИМА пас аз он мебошад, ки дар яке аз донишгоҳҳои иёлоти Огайо Абдулрозиқ Артони 20-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо воситаи автомашина, аввал онро сӯи роҳгузарон ронда, баъд аз он аз мошин берун баромада, бо корд ба роҳгузарон ҳамла намудааст. Ҷинояткор худ донишҷӯи донишгоҳ буда, мехост дар муассисати таҳсилотӣ кушокушӣ ба амал орад.
Дар ҳодисае, ки дар натиҷаи он 11 нафар ҷароҳат бардоштанд, ҷавобгарии ҷинояти онро гурӯҳи террористии дар Тоҷикистон мамнӯи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтааст.