Пешвои Тоҷикистон ва Маҷористон хостори таҳкими муносибатҳо гардиданд

© Flickr \ пресс-служба МИД Таджикистана / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Маҷористон Янош Адер
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Маҷористон Янош Адер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарафҳо ҳамчунин қарор доданд, ки дар соҳаи маблағгазорӣ муносибатҳои кишварҳоро рушд мебахшанд ва тоҷирони маҷориро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои коркарди алюминӣ, пахта, мева, сабзавот ва коркарди сангҳои қимматбаҳо ҷалб мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки Маҷористон ташаббуси ҷониби Тоҷикистонро дар иқдоми навбатии об дастгирӣ мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити об ба Будапешт рафт

Дар вохӯрӣ ба президенти Маҷористон Янош Адер раисҷумҳури Тоҷикистон қайд намуд, ки "иқдоми навбатии мо оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав — "Об барои рушди устувор" ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо афзоиш меёбад. Тарафҳо  ба мувофиқа омаданд, ки муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии кишварҳоро таҳким бахшида, аз ҷумла корхонаҳои муштарак бунёд мекунанд ва дар соҳаи лоиҳаҳои гидроэнергеоӯтикӣ дар Тоҷикистон технологияҳои пешрафтаи хориҷиро ҷалб месозанд.

Президенти Тоҷикистон қайд намуд, ки дар соҳаи маблағгузорӣ ҳамкориҳои байнидавлатии кишварҳоро таҳким бахшида, бояд тоҷирони маҷориро дар амалӣ намудани лоиҳаҳои коркарди алюминӣ, пахта, мева, сабзавот, истихроҷи сангҳои қимматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, саноати кимёвӣ ҷалб кард, омадааст дар хабари хадамоти матбуот.

Президентони ду кишвар ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмиллалӣ ва ифродгароӣ, ҳамчунин таъмини амният ва субот дар минтақаъ дар назардошти вазъияти Ҷумҳурии исломии Афғонистонро баррасӣ карданд.

Президенти Маҷористон Янош Адер таклифи Эмомалӣ Раҳмонро оид ба сафари корӣ ба Тоҷикистон қабул кард.

Лентаи хабарҳо
0