ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раисҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои иштрок дар Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Дар Саммит, ки аз 28 то 30-юми ноябри соли равон баргузор мегардад, 117 давлат иштирок мекунад.
Дар ин сафар президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилллалии Ҳадафи шашуми рушди устувор ва "Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт" баргузор гардид, ки дар натиҷаи кори он эъломияи ниҳоӣ қабул карда шуд.
Дар рафти симпозиум масъалаҳои баландбардории сатҳи истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии манбаҳои об, ҳифзи ҳавзаҳои об ва низоми экологӣ, беҳбуд намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ, рушди ҳамкории мантақавӣ ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.