Дар майдони маркази намоишгоҳи "Екатеринбург‐ЭКСПО" Фестивали анъанавии фарҳангҳои миллии байниминтақавии донишӯён "Ҳама якҷоя! Арзишҳои миллии саломатӣ- асоси пешравии кишварҳои Иттиҳод" сар шуд. Чорабинӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад.
Ба меҳмонон анъанаҳои халқии нигаҳ доштани саломатӣ ва дарозумрӣ, баромадҳои ҷамъиятҳои миллии донишҷӯён ва намоиши китоб пешниҳод карда мешавад.
Тоҷикисонро дар ин чорабинӣ донишҷӯёни колеҷи тиббии Екатеринбург намояндагӣ мекунад, ки онҳо мустақилона гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро оро дода, хӯрокҳои миллӣ тайёр намуда, либоси миллиашонро намоиш доданд.

1/10
© Sputnik
Донишҷӯён мустақилона гӯшаи Тоҷикистонро дар фестивал оро доданд ва хӯрок омода карданд

2/10
© Sputnik
7-умин Фестивали байниминтақавии фарҳангҳои миллии донишҷӯён

3/10
© Sputnik
Меҳмонони чорабинӣ

4/10
© Sputnik
Дар гӯшаи фарҳанги Тоҷикистон

5/10
© Sputnik
7-умин Фестивали байниминтақавии фарҳангҳои миллии донишҷӯён

6/10
© Sputnik
Хӯрокҳои миллӣ дар намоиши донишҷӯёни Ӯзбакистон

7/10
© Sputnik
7-умин Фестивали байниминтақавии фарҳангҳои миллии донишҷӯён

8/10
© Sputnik
7-умин Фестивали байниминтақавии фарҳангҳои миллии донишҷӯён

9/10
© Sputnik
Иштирокчии фестивал

10/10
© Sputnik
Донишҷӯёни колеҷи тиббӣ бо парчами Тоҷикистон