ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik.Дар Душанбе бо фармони раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба таъминкунии қувваи барқ чораҳо андешида мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.
Ҳамин тавр, Убайдкуллоев супориш додааст, ки дар фасли зимистон фаъолияти нонвойхона ва ҳамомҳоеро бояд қатъ намуд, ки бо истифодаи қувваи барқ кор мекунанд ва барои пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддисӯхторӣ, ҳолати бо сӯзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон дар таносуби маҳаллаҳои маскунии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.
Бо инобати дар мавсими пешорӯ ба фаъолият шурӯъ кардани иқтидорҳои навбати дуюми Маркази барқу гармиистеҳсолкунии №2-и ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дар таносуби ноҳияҳои шаҳр ба нақша гирифтани гармитаъминкунии 1242 иншоот, ки аз он 1082 ададро биноҳои бисёрхонагии манзилӣ ташкил медиҳанд, дар ҷаласа аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки ҳолати воқеии аз ҷониби раисони ноҳияҳо бо ҷалби соҳибмулкон омодасозии сартосарии иншооти зикрёфта барои қабули гармии мутамарказ, дақиқ санҷида шавад, менависад манбаъ.
Гузашта аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз холатҳои ҷой доштани истифодаи нерӯи гармии интиқолшванда ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳамчун оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ аз ҷониби бархе аз истеъмолкунандагон интиқод намуда, зикр сохт, ки сохторҳои зидахл дар пешгирии ин амалҳо, ки оби техникӣ барои саломатӣ ва истифодаи маишӣ зараровар аст, корҳои фаҳмондадиҳоро миёни аҳолӣ пурзӯр намоянд ва аҳли ҷомеаро бархурдор созанд, ки аз нигоҳи технологӣ Маркази барқу гармитаъминкунии зикршуда танҳо барои истеҳсоли гармӣ, на таъмин бо оби гарм нигаронида шудааст.